Ҷоми КФО-2016: бозии "Истиқлол" ва "Ал-Файсалӣ" дар Уммон

© Sputnik / Амир ИсаевБозии "Истиқлол" бо "Ҷоҳор Дорул Такзим" дар Ҷоми КФО-2015. Акс аз бойгонӣ
Бозии Истиқлол бо Ҷоҳор Дорул Такзим дар Ҷоми КФО-2015. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи "Истиқлол, ки рӯзи 12 апрел дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 аз тими “Нафт Ал-Васат”, қаҳрамони феълии Ироқ, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт, шанси ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро комилан аз даст додааст.

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе барои бозӣ бо дастаи "Ал-Файсалӣ"-и Урдун, ки ба шаҳри Уммон, пойтахти Урдун расид, бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016-ро бо дастаи мизбон анҷом медиҳад.

Тавре сомонаи бошгоҳи футболи Душанбе менависад, ин бозӣ рӯзи сешанбеи 26 апрел дар варзишгоҳи "Шоҳзода  Муҳаммад"-и шаҳри Уммон соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ ва 16.30  ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Мағлубияти "Истиқлол" дар Душанбе. Аз дастаи "Нафит ал- Васат"

Сармураббии "Истиқлол"- Мубин Эргашев ба ҳайати даста 16 футболбозро дохил кардааст. Вале ду бозигари асосии даста Ҷаҳонгир Ҷалилов ва Давронҷон Эргашев, ки дар бозиҳои пешин кортҳои барзиёди зард гирифтаанд, ба дархости даста барои бозӣ бо "Ал-Файсалӣ" дохил нашудаанд.

Тими "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи "В" бо дастаҳои "Нафт Ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсалӣ"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон рақобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол "Нафт Ал-Васат" бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "В" дар мақоми аввал аст. Дастаи "Ал-Файсалӣ" бо 8 имтиёз дар мақоми дуюм ва "Триполи" бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм қарор доранд, тими "Истиқлол"  бо як имтиёз дар зинаи охирин мавқеъ гирифтааст.

Дастаи "Истиқлол", ки 12 апрел дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 аз тими "Нафт Ал-Васат", қаҳрамони феълии Ироқ, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт, шанси ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро пурра аз даст додааст.

Лентаи хабарҳо
0