21:16 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Шатранҷбоз Фаррух Амонатов. Акс аз бойгонӣ

Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар Тошканд пешсаф аст

© Sputnik / Михаил Фомичев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
6710

Фаррух Амонатов дар 7 бозӣ 6 ғалаба ба даст оварда, дар мақоми аввали мусобиқа қарор дорад. Ҷоизаи ин сабқат 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар маҷмӯъ иштирокчиёни сабқатро 12 мукофоти пулӣ интизор аст.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Шоҳмотбоз аз Тоҷиикстон- Фаррух Амонатов дар мусобиқаи 10-уми байналмиллалӣ бахшида ба нахустин  "гроссмейстер"-и Узбакистон Георгий Агзамов, ки дар Тошканд баргузор меградад, дар ҷои аввал қарор дорад, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии Олимпии ҶТ.

"Гроссмейстери тоҷик дар 7 бозӣ  6 пирӯзиро ба даст оварда, дар байни рақибони худ- шоҳботбозони машҳури Арманистон-Тигран Петросян, Қазоқистон-Муртаз Кажгалеев, Озарбойҷон- Рауф Мамедов ва дигарҳо бо 0,5 хол пешсаф аст",- гуфта мешавад дар иттилоъия.

Қайд мешавад, ки дар мусобиқа Тоҷикистонро ҳашт шоҳмотбоз муаррифӣ мекунанд.

Мукофоти мусобиқа 20 ҳазор долларро ташкид медиҳад. Дар умум 12 ҷоизаи ҳавасмандкунӣ муайян гардида, дар интиҳо бонувони шоҳмотбоз, наврасон, духтарони то 20-сола ва собиқадорон бо мукофот қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Қаҳрамонони мусобиқаи ба номи Георгий Агзамов, шурӯъ аз сабқати аввал то имрӯз шоҳмотбозони маъруфи кишварҳои гуногуни олам гардида, дар қатори онҳо гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов низ ҷой дорад.

Мавзуъ

Фаррух Амонатов- пешсафи ягонаи мусобиқа дар Алмаато
Барчаспҳо:
пешсафии шоҳмотбози тоҷик, шоҳмотбоз, мусобиқаи шоҳмот, ғолибият, мукофот, пирӯзӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Георгий Агзамов, Фаррух Амонатов, Узбакистон, Тошканд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ