Вазнбардори тоҷик дар ИМА тамрин мекунад

© AFP 2023 / BAY ISMOYO / Гузариш ба медиабонкВазнбардори тоҷик Низом Сангов. Акс аз бойгонӣ
Вазнбардори тоҷик Низом Сангов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз варзишгари маъруфи дастаи миллии Тоҷикистон дар риштаи вазнбардорӣ Низом Сангов дар ИМА тамрин мекунад. Ӯ аллакай дар мусобиқаҳое, ки дар Ню-Ҷерсӣ баргузор градида буданд дар вазни худ мақоми дуюмро ба даст овардааст.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Вазнбардори машҳури кишвар Низом Сангов, ки таҷрибаи бузурги иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониро дорост имрӯзҳо дар Ню-Ҷерсӣ ба машқи бадан машғул аст.

Сангов дар Олимпиадаи Лондон, Бозиҳои Осиё-2010, 2014 ва дигар сабқатҳои байналмллалӣ ширкат кардааст. Соли 2011 варзишгар дар мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, натиҷаҳои беҳтарин  дар таърихи вазнбардории ҷумҳурӣ нишон дода, ҷои аввалро соҳиб шуд. Дар сабқати Африқо ва Осиё-2014, ки ҳамчунин дар пойтахти Узбакистон шуда гузашт Низом Сангов дар вазни 62 кг соҳиби медали нуқра гардид.

Дар давраҳои мусобиқот барои ба даст овардани иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии-2016 дар Рио, варзишгар кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод.

Вале бо сабаби дастгрии молиявӣ ва шароити хуби тамрин барои сабқатҳои интихобӣ, Сангов ба ИМА сафар кард.

Айни ҳол варзишгари тоҷик дар яке аз клубҳои Ню-Ҷерсии Амрико ба обу тоби бадан машғул буда, аллакай дар сабқати клубӣ дар вазни худ ҷои дуюмро соҳибӣ кардааст.

Олимпиадаи Лондон-2012. Мавзуна Чориева парчами Тоҷикистонро мебарад - Sputnik Тоҷикистон
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио

"Интихоб барои Бозиҳои Олимпӣ ҳанӯз соли гузашта дар Алмато(Қазоқистон) шурӯъ шуда, баъд дар ИМА қаҳрамонии ҷаҳон доир гардид, вале варзишгарони тоҷик аз сабаби танқисии молиявӣ имкони иштирокро  аз даст доданд. Мо бояд якҷоя бо гурӯҳамон баромад кунем,  чун бо ин роҳ мо метавонем бо соҳиб шудани холҳои гурӯҳӣ барои гирифтани иҷозатнома ба Рио рақобат намоем",-гуфт варзишгар.

Низом Сангов аллакай таҷрибаи иштирок дар Бозиҳои олимпиро (Пекин-2008) дорад. Ба Бозиҳои олимпии Лондон бошад ӯ бо сабаби осеби пояш натавонист ширкат кунад.

"Дар мусобиқаҳои Пекин ман дар вазни 69кг ҷои ҳаштумро гирифтам ва албатта аз натиҷаҳоям  розӣ набудам.  Интизор будам, ки дар бозиҳои Лондон иштирок мекунам, вале бо сабаби осеби вазнини пой ва барқароршавӣ ман натавонистам ширкат варзам. Акнун аз ҳама муҳимаш доштани дастгирии малоявӣ аст, то дар сабқатҳои интихоботӣ иштирок кунем",-изҳор дошт Низом Сангов.

Дар баробари ин Низом Сангов иброз дошт, ки дигар  вазнбардорони тоҷик низ метавонанд худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

"Дар ҷумҳурии мо варзишгарони хуби боистеъдод кам нестанд. Онҳо бе мушкилӣ метавонанд дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ рақобатпазир бошанд. Ба қатори онҳо метавон Сунатулло Оев, Азизҷон Шукуров, Хуршед Тураев ва дигаронро номбурд. Вале барои он, ки варзишгарон натиҷаҳои хуб нишон диҳанд, бояд шароити хуби тамрин дошта бошанд. Бо вуҷуди ин ман ба оянда хушбин ҳастам ва ба муваффақияти арсаи ҷаҳонӣ боварӣ дорам",-қайд кард ӯ.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0