17:42 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Муҳорибаи тан ба тан. Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар Абу-Даби соҳиби ду медал шуданд

© Sputnik / Антон Денисов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷиу-ҷитсу (джиу-джитсу)-и брозилӣ дар Абу-Даби баргузор гардид. Сабқат аз рӯи вазнҳои гуногун доир шуд. Дар мусобиқа миёни калонсолон варзишгари маъруфи Тоҷикистон Комил Боймуродов ширкат варзид.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷиу-ҷитсуи брозилӣ, ки дар байни муутахассисони ин намуди варзиш баргузор шуд, дар АМА ширкат варзиданд.

Дар Абу-Даби (АМА) чемпионати ҷаҳон аз рӯи ҷиу-ҷитсу дар байни мутахассисони ин соҳа таҳти унвони "Abu Dhabi World Youth Jiu-Jitsu Championship-2016" сурат пазируфт.

Сабқат аз рӯи вазнҳои гуногун доир гардид. Дар мусобиқа миёни калонсолон варзишгари машҳури тоҷик Комил Боймуродов ширкат варзид.

"Қабл аз мусобиқа дар тамринҳои омӯзишӣ дар АМА дар гурӯҳи Team Nogueira машқ кардам. Интизори медали тилло будам, вале бо сабаби баҳогузории нодурусти довар чунин нашуд. Дар мубориза бо варзишгари бразилиягӣ ман натавонистам ба зудӣ ӯро мағлуб намоям, аммо аз ҷиҳати фаъол будан аз ӯ пешсаф будам, бо вуҷуди ин довар ғолибиятро ба рақибам дод. Дар баробари ин Ардамеҳр Собиров дар гурӯҳи варзишгарони 12- сола ҷои аввал гирифта, Салмон Имомзод дар байни варзишгарони ҷавон соҳиби медали биринҷӣ гардид",- изҳор дошт варзишгар.

Ёдовар мешавем, ки Комил Боймуродов дар баробари фаъолияти варзишӣ, мураббӣ низ ҳаст. Дар мусобиқаи қаблӣ —қаҳрамонии Тоҷикистон ӯ дар вазни 75 кг мақоми аввалро соҳиб шуд, ҳамчунин шогирдонаш Фаррух Боймуродов (65 кг), Абубакр Боймуродов(45 кг), Навруз Камолов(60 кг) ва Довуд Аҳёев қаҳрамони ин намуди варзиш гардиданд.

Ҷиу-ҷитсуи брозилӣ, санъати муборизаи тан ба тан болои гилеми варзишӣ буда, ҳамчунин аз усулҳои гуногунро дар бар мегирад. Ин намуди варзиш аввали асри ХХ  дар асоси ҷудои (дзюдо) Кокодан, ки намуди варзиши мустақили ҷавон (соли 1882 таъсис ёфт) мебошад,  аз ҷониби як қатор мактабҳои ҷиу-ҷитсуи ҷопонӣ таъсис ёфтааст.

 

 

Мавзуъ

Варзишгарони тоҷик аз Бишкек ҳашт медал оварданд
Барчаспҳо:
медал, ҷиу-ҷитсу, ғолибият, сабқат, мусобиқа, Abu Dhabi World Youth Jiu-Jitsu Championship-2016, Комил Боймуродов, Абу-Даби, АМА

Мавзӯъҳои асосӣ