23:36 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Бозии Истиқлол-Триполи

“Истиқлол” дар бозии Ҷоми AFC-2016 мағлуб гардид

© Sputnik Stringer
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Футболбозони Тоҷикистон бо ҳисоби 1:3 аз мунтахаби Лубнон клуби “Триполи” шикаст хӯрда дар хатти охирон ҷой гирифт.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Клуби футболи Душанбе "Истиқлол" бозии худро дар сабқати Ҷоми  AFC(Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 ба анҷом расонид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Вохӯрӣ бо қаҳрамони дукаратаи Лубнон барои "Истиқлол"  имкони хубе буд, то ба сандуқи Тоҷикистон имтиёзҳои рейтингӣ дохил кунанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон натавонист тамошобинони худро, ки барои дастгири онҳо ба варзишгоҳи марказии Душанбе ҷамъ омада буданд, дар бозии Ҷоми AFC-2016 шод намоянд"-гуфта мешавад дар иттилоия.

Варзишгарон бо ҳисоби 1:3 аз футболбозони тими "Триполи" шикаст хурданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар шаш бозӣ панҷ маротиба мағлуб гардида дар бозии гуруҳӣ дар ҷои чорум қарор гирифт. Се мақоми аввалро гурӯҳҳои "Нафит Ал-Васат", "Ал-Файсалӣ" аз Иордания ва "Триполи" аз Лубнон соҳиб шуданд.

 

 

Мавзуъ

Бохти “Истиқлол” дар Ҷоми AFC-2015 аз тими “Триполи”
Дастаи “Триполи” ба Душанбе барои бозӣ бо “Истиқлол” меояд
Барчаспҳо:
мағлубияти Истиқлол, Ҷоми AFC-2016, дастаи "Истиқлол", тими "Триполи", Федератсияи футболи Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ