08:01 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Мусобиқа ба поси хотири қаҳрамони варзиши Ӯзбакистон Учқун Муродов дар шаҳри Чирчик тайи се рӯзи гузашта идома карда, рақобатҳо дар 8 вазн байни писарону духтарон сурат гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи XII-уми байналмилалии "Ҷоми бози Осиё" оид ба дзюдо байни  ҷавонону наврасон соҳиби 12 медал гардиданд, иттилоъ медиҳад КМО ҶТ.

Дар мусобиқаи мазкур, ки ба хотири гиромидошти устоди варзиш Учқун Муродов дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик соҳиби 3 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ гардиданд.

Дар сабқати ҷавонону духтарон гӯштингирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Паҳлавонони тоҷик Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило, Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.

Инчунин, ду намояндаи дигари Тоҷикистон —Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг) ва Ёқубҷон Назиров (-81 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни то 48 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз панҷ кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Мавзуъ

Душанбе: сабқати V-уми дзюдочиён барои “Ҷоми Вастан”
Барчаспҳо:
12 медал, ғолибият, ҷудо, сабқат, КМО-и ҶТ, Учқун Муродов, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ