23:06 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Ҷавонон ва варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Чемпионати Осиё оид ба самбо, ки барои аввалин бор дар пойтахти Туркманистон доир шудааст, санҷиши вижа қабл аз Бозиҳои V-уми осиёӣ маҳсуб мегардад.

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Варзишгари тоҷик, самбочӣ- Ҳамроз Раҷабов дар сабқати Қаҳрамонии Осиё оид ба самбо дар шаҳри Ашқобод,  пойтахти Туркманистон нишони тилло ба даст овард.

Тибқи иттилоъи Федератсияи самбои ҷумҳурӣ, Ҳамроз Раҷабов дар рӯзи дувуми чемпионат, дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гӯштингири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз шуд.

"Дар рӯзи аввали мусобиқот, 27 май, варзишгарони тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Нозила Каримова дар сабқати самбои варзишӣ миёни духтарон дар вазни то 56 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Валерия Сякова (Узбакистон) мақоми аввал ва Меҳрубон Қурбонова (Туркманистон) мақоми севумро соҳиб шуданд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Дилбар Султонова дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 72 кило мақоми сеюмро соҳиб шуд. Нилуфар Давлатова (Узбакистон) ҳам ҷои сеюмро гирифт. Дар ин вазн Зере Бехтошқизӣ (Қазоқистон) дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Гавҳар Атдаева (Туркманистон) ғолиб омад.

Бояд тазаккур дод, ки мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев  сардовари (рефери) ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ таъин шудааст. Ӯ раиси комиссиюни доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад.

Чемпионати Осиё оид ба самбо, ки бори нахуст дар пойтахти Туркманистон доир шудааст,  санҷишест пеш аз Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ашқобод баргузор мешаванд. Ба барномаи ин Бозиҳо самбо низ шомил шудааст.

Дар сабқати Қаҳрамонии Осиё оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону ҷавонон, бузургсолон ва занон дар Ашқобод ҳудуди 400 варзишгар аз 17 кишвар ширкат доранд.

Мавзуъ

Сабқати қаҳрамонии самбо дар Тоҷикистон анҷом ёфт
Ду медали нуқраи гуштигирони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии самбо
Варзишгари тоҷик дар Ҷоми олии ҷаҳонии самбо барандаи медали тилло шуд
Барчаспҳо:
қаҳрамонии Осиё, медал, сабқат, Дилбар Султонова, Ҳамроз Раҷабов, Ашқобод

Мавзӯъҳои асосӣ