Бозии “Локомотив”-и Маскав ва “Истиқлол”: 26 июн

© SputnikБозии плей-офф Қаҳрамонии Осиё-2019. Тоҷикистон-Бангладеш. Акс аз бойгонӣ
Бозии плей-офф Қаҳрамонии Осиё-2019. Тоҷикистон-Бангладеш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 июни соли 2016 дастаи “Истиқлол” бо тими “Локомотив” бозии дӯстона анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бозии дӯстонаи ду дастаи номдор дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ-21:00. Дар асоси тавофуқномаи пешакӣ, сармураббии дастаи "Локомотив" Игор Черевченко ҳайати омехтаи дастаро иборат аз бозигарони асосӣ ва   ҳайати ҷавонон ба Душанбе меорад.

Мухлисони тоҷик бо акси муҳофизгари Помир-и Душанбе Геннадий Черевченко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мухлисони тоҷик Игор Черевченкоро хуш пазируфтанд

Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко зодаи Тоҷикистон буда, чанде қабл ба Ватан баргашта буд. Зимни сафар ва иштирок дар якқатор бозиҳои дастаҳои гуногуни Тоҷикистон, ӯ ба касбияти футболбозони тоҷик баҳои баланд дод.

Қабалн хабар дода шуд, ки вохӯрии қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи "Истиқлол"-и пойтахт бо қаҳрамони дукаратаи Русия тими футболи "Локомотив"-и Маскав тобистони имсол баъди анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Русия дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Гуфтанист, ки бозии "Локомотив" ва "Истиқлол" барои футболбозони мо вохӯрии чоруми дӯстона таи чанд соли охир маҳсуб мешавад. Қаблан дастаи миллӣ бо "Хассен Кассел"-и Олмон, "Шалке-04" ва ҳамчунин "Газовик"-и Оренбург бозии дӯстона анҷом дода буд.

Лентаи хабарҳо
0