Баъди “Истиқлол”-“Хуҷанд” сармураббӣ иваз кард

© Официальный сайт ФФТБозигарони мунтахаби "Хуҷанд". Акс аз бойгонӣ
Бозигарони мунтахаби Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акнун ба ҷои Нумонҷон Юсупов Ҳамид Каримов сармурабии дастаи “Хуҷанд” гардид. Ӯ аллалкай бо бозигарони даста шинос шуда, тамрини аввалинро аз субҳи дирӯз оғоз кард.

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Роҳбарияти клуби дастаи "Хуҷанд" тасмим гирифт ҳайати мураббиёнро иваз намояд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсия футболи Тоҷикистон.

Барканории ҳайати мураббиёни тими футболи Тоҷикистон

Шартномаи корӣ бо Нумонҷон Юсупов ва Қаноат Латипов бо розигии тарафайн бекор карда шуд. Ҳайати даста ба мураббиён изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно кард.

"Ҳамид Каримов сармураббии ҷадиди дастаи "Хуҷанд" эълон гардид. Ёрдамчиёни ӯ Шӯҳрат Умаров ва Анвар Норқулов интихоб шуданд",-омадаастд дар иттилоия.

Рӯзи 11 июл сармураббии ҷадид ба бозигарон муаррифӣ шуда ва бо онҳо тамрини пагоҳирӯзӣ гузаронд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳайати пурраи мураббиёни мунтахаби "Истиқлол" ба истеъфо рафтанд. Мубин Эргашев ҳамроҳ бо ёрдамчиёнаш аз вазифаҳои мураббигӣ озод карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0