03:17 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
89 0 0

Варзишгари тоҷик Кристина Проженко дар риштаи варзиши сабук (давидан ба масофаи 200 метр) барои иштирок дар бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳхат гирифт.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кристина Проженко Тоҷикистонро аз рӯи намуди варзиши давидан ба масофаи 200 метр дар бозиҳои тобистонаи Бразилия муаррифӣ менамояд.

"Кристина Проженко бо гирифтани квотаи барои Тоҷикистон ҷудошуда, дар намуди варзиши сабук (давидан ба масофаи 200 метр)  ба бозиҳои Олимпӣ-2016 меравад",-омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ мутассифона дар рӯйхати намояндагони кишварҳои гуногун аз рӯи давидан ба масофаи 200 метр миёни мардон, ки рӯзи 13 июл дар торномаи расмии IAAF нарш гардидааст номи Даврон Отабоев нест.

Намояндагони IAAF рӯзи 14 июл ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ки қарор дар бораи иштироки Даврон дар бозиҳои олимпӣ то 19 июл бояд қабул шавад.

То имрӯз ҳафт варзишгари тоҷик ҳуқуқи иштирок дар бозиҳио Рио-2016-ро доранд: гурзандоз Дилшод Назаров, дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, муштзан Анвар Юнусов, шиноварон Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов ва даванда Кристина Проженко.

Олимпиадаи XXXI-ум  аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.

Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки  рекордии  кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ бори нахуст дар Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.

Мавзуҳо:
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
Барчаспҳо:
бозиҳои Рио-2016, квота, Кумитаи миллии олимпӣ, Кристина Проженко, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ