Парчамбардорони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ

© AFP 2023 / FRANCK FIFE Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ
Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол байрақбардори дастаи Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Бозиҳои Олимпӣ дар Бразилия Дилшод Назаров хоҳад буд. Ба кадом варзишгар дар бозиҳои қаблӣ парчами кишвар боварӣ карда шуд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Имсол дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ дар Рио Дилшод Назаров барои бардоштани парчами кишвар интихоб гардидааст.  Олимпиадаи дар пеш истода дар фаъолияти варзишии Дилшод чорумин мебошад.

Чун анъана парчамбардор дар чунин мусобиқаҳои баландпоя бояд нафаре  бошад, ки дорои нерӯи қавӣ ва имкониятҳои бузурги ба даст овардани медал дониста шавад.  Дар пояи чунин нишондодҳо ба варзишгар ҳуқуқи бардоштани парчам дода мешавад.

Дар Бозиҳои олимпии соли 1996, ки дар Атлантаи ИМА баргузор гардид, Тоҷикистонро ҳашт варзишгар муаррифӣ намуда, парчамбардони кишвар даванда Андрей Абдувалиев гардид.

Омодагии Рио-де -Жанейро ба Бозиҳои олимпӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик ва Олимпиадаи Рио-2016

Соли 2000 намоягдагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ дар Сиднейи (Австралия) ширкат варзиданд. Ин дафъа аз Тоҷикистон чор варзишгар ба бозиҳои олимпӣ равон шуданд. Байрақ дар дасти Хуршед Ҳасанов буд.

Дар бозиҳои Олимпии соли 2004 дар Афина ҳайати намояндагони Тоҷикистон аз нӯҳ нафар иборат буд. Байрақбардори Тоҷикистон аз байни варзишгарони тоҷик камонвар Наргис Набиева интихоб шуд. Дар Бозиҳои олимпии соли 2008-ум, ки дар Пекин (Чин) баргузор гардид,  ба Дилшод Назаров ҳуқуқи бардоштани парчами кишвар дода шуд.

Ҳамон сол барои Тоҷикистон соли бобарор буд. Мунтахаби ҷумҳурӣ бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар барандаи медал-як нишони биринҷӣ ва як медали нуқра гардид.

Ва дар ниҳоят дар Бозиҳои олимпии Лондон соли 2012 парчамбардори ҷумҳурӣ Мавзуна Чориева гардида, ягона медали биринҷиро ба сандуқи медалҳои Тоҷикистон низ дар ин олимпиада ӯ ворид намуд. Дар Бозиҳои Олимпии имсола-Дилшод Назаров байрақи Тоҷикистонро бардоша  мухлисони варзиши тоҷикро интизори медал хоҳад кард.

© AP / Matt SlocumМавзуна Чориева байрақи Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Лондон бардоштааст
Мавзуна Чориева несет флаг Таджикистана на открытии Олимпиады в Лондоне - Sputnik Тоҷикистон
Мавзуна Чориева байрақи Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Лондон бардоштааст
Лентаи хабарҳо
0