13:27 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Дар мусобиқаи байналмиллалӣ варзишгарони 9 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Шоҳмотбози маъруфи тоҷик рақиби худро аз Эрон шикаст дода соҳиби мақоми аввал гардид.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Озарбойҷон панҷумин мусобиқаи байналмиллалӣ баргузор гардид.

Сабқат аз рӯи низоми бозии шветсарӣ-9 давр дар 90 дақиқа + 30 сония барои ҳар гардиш сурат гирифт. Бозиҳо байни панҷ гурӯҳ- Group A (+2050), Group B (-2050), Group C (U14), Maral Cup (Women) ва Group D (Blitz) гузаронида шуд.

Дар мусобиқа 64 варзишгар аз Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Чехия ва Украина иштирок карданд.

Гроссмейстери тоҷик дар гурӯҳи A (+2050) бозӣ кард.

Мувофиқи шартҳои бозӣ ғолибон аз рӯи холҳои бадастоварда муайян карда шуданд, дар сурати баробар будани холҳо нишондодҳои зерин: вохӯрии шахсӣ; шумораи ғолибият ба анзар гирифта шуд.

Аз рӯи натиҷаи 9 давр Фаррух Амонатов бо ба даст овардани 7 хол соҳиби мақоми аввал гардид. Холҳои намояндаи Эрон Эҳсон Маҳамӣ низ 7 то буда, ӯ бо дарназардошти имтиёзҳои иловагӣ ҷои дуюмро сазовор шуд. Ҷои сеюмро намояндаи Украина Андрей Суметс бо гирифтани 6,5 хол ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки ин ғолибияти аввалини Фаррух дар мусобиқаҳои байналмиллалии мавсимӣ  набуда, қаблан ӯ дар сабқати байналмиллалии 10-ум, ки ба ёддошти хотираи Георгий Агзамов бахшида шуда буд, иштирок карда, ҷои аввалро сазовор шуд. Ҳамчунин Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё  аз рӯи шоҳмот дар Қазоқистон ширкат карда, ҷои якумро аз худ кард.

Мавзуъ

Фаррух Амонатов- пешсафи ягонаи мусобиқа дар Алмаато
Барчаспҳо:
шоҳмотбоз, ҷои аввал, Фаррух Амонатов, Озарбойҷон

Мавзӯъҳои асосӣ