Анвар Юнусов аз гирифтани медал дар олимпиада маҳрум шуд

© REUTERS \ PETER CZIBORRAМуштзани тоҷик Анвар Юнусов аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао дар бозиҳои олимпии Рио-2016 шикаст хӯрд
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао дар бозиҳои олимпии Рио-2016 шикаст хӯрд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври дувуми интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 дар олимпиада дар шаҳри Рио-де-Жанейрои аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Анвар Юнусов дар даври дуюми рақобат аз муштзани бразилӣ мағлуб гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қувваозмоии Анвар Юнусов бо Робсон Консейкао рӯзи 9-уми август соати 11:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) барпо гардид.

Ғолибияти Анвар Юнусов бар Ҷун Шан дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 - Sputnik Тоҷикистон
Анвар Юнусов бар муштзани Чин бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд

"Анвар Юнусов, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, барои аввалин бор бо Робсон рӯбарӯ шуд. Баъди анҷоми раунди аввал, ки бо пирӯзии Консейкао бо ҳисоби 30:27 ба анҷом расид, Анвар ба мураббиаш Аббос Неъматуллоев гуфт, дасти росташ, ки пештар ҷарроҳӣ шудааст, сахт дард мекунад ва аз идомаи сабқат даст мекашад",-омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттлои  манбаъ  муштзани бразилӣ бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб дониста шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале муштзани тоҷик аз гирифтани медали олимпӣ ноумед гашт. 

Ёдовар мешавем, Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқот рӯзи 6 август бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.

Қаблан Анвар Юнусов изҳор дошт, ки ба Бразилия барои гирифтани медал меравад.

Анвар Юнусов 1 феврали соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2009) мебошад. Шурӯъ аз 12 солагӣ ба бокс машғул аст. Мураббии аввалини ӯ Борис Ковтун буд. Баъд таҳти роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ кардааст. Айни замон мураббии ӯ Аббос Неъматуллоев мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0