Олим Қурбонов низ Бозиҳои олимпиро тарк мекунад

© REUTERS \ /Michael DalderШиноварӣ ба масофаи 50 метр байни мардон
Шиноварӣ ба масофаи 50 метр байни мардон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи шиноварӣ ба масофаи 50 метр байни мардон Қурбонов дар 25,77 сония ба марра расида бо ин нишондод мақоми 62-юмро соҳиб шуд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Шиновари тоҷик Олим Қурбонов дирӯз дар сабқати олимпӣ аз рӯи шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр баромад кард.

Ба Олим даст дод, то масофаро дар 25,77 сония тай кунад. Аз байни 85 нафар, варзишгари тоҷик дар ҷои 62-юм қарор гирифт.

Мутаассифона бо нишондоди дар боло зикршуда, Олим Қурбонов аз рақобат дар даври нимфиналӣ маҳрум шуд.

Аввалин шуда, варзишгари украинӣ Андрей Говоров (21,49 сония) ба марра расид. Мақомҳои дуюм ва сеюмро варзишгарони амрикоӣ Натан Эдриан ва Энтони Эрвин соҳиб шуданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён низ аз рақиби худ шикаст хӯрда аз идомаи рақобат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд. Дар баробари ӯ муштзани тоҷик Анвар Юнусов низ аз сабаби шиддат гирифтани дарди даст аз идомаи рақобат даст кашида, аз гирифтани медал бенасиб монд.

© SputnikОлимпичиени Точикистон дар Рио
Олимпичиени Точикистон дар Рио - Sputnik Тоҷикистон
Олимпичиени Точикистон дар Рио
Лентаи хабарҳо
0