22:15 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Дильшод Назаров дар бозиҳои Олимпиада гурзандозӣ мекунад

Дилшод Назаров ба давраи ниҳоии бозиҳои Олимпӣ роҳ ёфт

© REUTERS / Pawel Kopczynski
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Дар озмун варзишгар тавонист, ки ҳунари худро нишон дода, ҷои сеюмро гирад. Давраи ниҳоии мусобиқа дар рӯзҳои истироҳати омадаистода, санаи 20-уми август баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Умеди охирони мунтахаби Тоҷикистон,  гурзандоз Дилшод Назаров имрӯз дар мусобиқа дар шаҳри Рио-де-Женейро баромад намуд.

 Дилшод Назаров тавонист, ки дар мусобиқаи имрӯза ҷои сеюмро гирад: вай тавонист, ки болғаро ба масофаи 76,38 метр партояд.

Ҳамин тавр, варзишгари сабуки тоҷик ба давраи ниҳоӣ роҳ гирифт, ки санаи 20-уми август баргузор мегардад.

Ҷои якумро варзишгари лаҳистонӣ гирифт, ки ӯ Назаровро дар 1,25 метр пешдастӣ намуд.

Бори чорум аст, ки Назаров дар бозиҳои Олимпӣ иштирок мекунад. Назаров охирон намояндаи варзиши тоҷик аст, ки имсол дар Олимпиада ширкат варзидаанд. Аз ин пештар 6 нафар варзишгар бозиро тарк намуда буданд.

Мавзуъ

Кристина Пронженко то “медали олимпӣ” давида натавонист
Барчаспҳо:
роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ, Дилшод Назаров, Рио-де-Жанейро

Мавзӯъҳои асосӣ