Талабагони тоҷик бо наврасони кишварҳои ИДМ мусобиқа мекунанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкҲангоми дарсомӯзӣ дар мактаб.
Ҳангоми дарсомӯзӣ  дар мактаб. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қариб 500 нафар хонандагони мактабҳои умумӣ дар 7 намуди варзиш ба мусобиқа мебароянд, аз ҷумла: мини-футбол, баскетбол, тенниси рӯи мизӣ ва шоҳмот.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар ахири моҳи сентябр дар Краснодар фестивали чоруми варзиш байни мактабхонони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад,  хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Чорабинии мазкур аз санаи 25-уми сентябр то 2-юми октябр дар Қасри варзиши "Олимп" баргузор мешавад.

Бори аввал дар ин сабқат намояндагони  тамоми кишварҳои ИДМ ширкат меварзанд.

"Агар ба назар бигирем, ки мо ҳоло то саршавии мусобиқа хело вақти кӯтоҳ дорем, бояд тамоми масъалаҳо аниқ каркрад карда шаванд. Мо бояд инро дарк кунем, ки масалан санаи 5-уми сентябр мо рӯйхати бозиҳо ва кӯдакон ва  ба мусобиқа омад ва рафтани онҳоро менгирем",- нақл намудааст вазири маориф, илм ва сиёсати ҷавонони вилояти Краснадар Татяна Синюгина.

Интизор меравад, ки ба маркази вилоят 500 варзишгарон ҳузур меоранд ва ҳамаи онҳо талабагони оддии мактабҳои миёна мебошанд. Бачаҳо дар 7 намуди варзиш: мини-футбол, баскетбол, тенизи рӯйи мизӣ ва шоҳмот ба мусобиқа мебароянд.

Лентаи хабарҳо
0