Шогирдони устоди варзиши тоҷик дар сатри нуҳуми лигаи футболи ФР қарор дорад

© Страница ФК "Енисей" в FacebookДастаи "Енисей" дар машқ. Акс аз бойгонӣ
Дастаи Енисей дар машқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Ежуров, ки ба наздикӣ бозиро дар дастаи “Енисей”-и Русия ба сифати ёрдамчии мурабии асосӣ оғоз кардааст, тамоми қувваи худро барои он сарфа намуда истодааст, ки футболистон бо муваффақият дар майдонча баромад кунанд.

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Мураббии машҳури тоҷик Владимир Ежуров якҷоя бо дастаи русии "Енисей" дар сатри 9-уми лигаи миллии футбол қарор дорад.

Дар ин давра "Енисей" ба вазифаи мураббии даста Андрей Тихоновро даъват намудааст. Вай шартномаи хешро бо дастаи "Краснодар" лағв намуда, мураббии асосии дастаи "Енисей" интихоб гардидааст. Ёрдамчии Тихонов Владимир Ежуров марди 55-солаи тоҷикистонӣ  интихоб гардид. Инҳо якҷоя роҳбарияти дастаи футболро ба ӯҳда доранд ва ғолибият дар бозиҳоро бояд таъмин кунанд.

Футболбозони дастаи Истиқлол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чемпионати Тоҷикистон: беҳтарин лаҳзаҳои футболи мусобиқа

Ежуров барои ин аз роҳбарии дастаи беларусии "Белшин" даст кашида буд. Дар чемпионати ЛМФ- 2016 /2017 дастаи "Енисей" ҳамагӣ 11 бозӣ дошт. Аз он дар 4 бозӣ ғолиб омад, дар 2 тои дигар бо ҳисоби баробар бозӣ намуд ва дар 5 бозӣ мағлуб гардид.  Ҳамагӣ даста 14 хол дошта, дар ҷадвали мусобиқа ҷои 9-умро ишғол мекунад.

Бояд қайд кард, ки Владимир Ежуров собиқаи мураббигиашро дар дастаи "Пахтакор"-и Пролетар оғоз намуда,  дар ин даста ҳамагӣ 6 сол фаъолият намудааст. Дар тӯли солҳои 1993-1994 ин даста ҷоизадори биринҷии Тоҷикистон гардидааст. Пасон дар дастаҳои ӯзбакии "Маталлург"-и Бекобод ва "Симурғ", ҳамчунин дар дастаи "Хуҷанд"-и тоҷикӣ фаъолият кардааст.

Тақрибан дар як вақт солҳои 1994-1999 Ежуров дар идораҳои (штабҳои)мураббигии гуногуни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон- аз наврасон то миллӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2003-юм оғоз карда Владимир Раимович ба дастаи "Рубин"-и Қазон гузашта буд.

Соли гузашта Владимир Ежуров давраи  омодагиҳоро гузашта, имтиҳоноти Академияи маҳорати мурабигии Иттиҳоди футболи Русияро супорид ва соҳиби иҷозатномаи PRO гардид.

Лентаи хабарҳо
0