Мавқеи 4-и мунтахаби Тоҷикистон аз байни кишварҳои ОМ дар рейгинти ФИФА

© AP / Steffen SchmidtЛоготипи ФИФА. Акс аз бойгонӣ
Логотипи ФИФА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар раддабандии нави ФИФА мунтахаби Тоҷикистон мақоми пешини худро ҳифз карда, бо гирифтани 215 хол аз байни кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷои чорум қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рейтинги нави Фифа, ки дар торномаи расмии ташкилот нашр шудааст, мавқеи қаблии худро ҳифз кардааст.

Ин моҳ футболбозони тоҷик на имтиёзе зиёд ва на кам накарда, дар мақоми моҳи гузашта дар ҷои 144-уми раддабандии Фифаро қарор доранд. Тими миллӣ бо ба даст овардани  215 имтиёз миёни Ливан ва Люксембург ҷой гирифтааст.

ФИФА: мақоми 158-уми Тоҷикистон бо 155 имтиёз

Тимҳои футболи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбатан дар мақомҳои болотар ҷойгиранд. Ҳамин тавр Узбакистон дар давоми як моҳ бо зам кардани 6 имтиёз ба мақоми 49-ум баромад. Мунтахаби Қазоқистон 13 холи иловагӣ гирифта дар мақоми 83-юм қарор гирифт.

Варзишгарони Қирғизистон баръакс се холи дигарро аз даст дода дар ҷои 108-ум қарор гирифтанд. Бозигарони Туркманистон бошанд ба имтиёзҳои худ се холи иловагӣ зам карда мақоми 116-умро аз худ карданд.

Футболбозони Русия низ чун мунтахаби Тоҷикистон натавонистанд имтиёзҳои иловагӣ бириганд ва дар мақоми 38-умро ҳифз карданд.

Моҳи гузашта бозигарони тоҷик тавонистанд аз мақоми 145-ум ба ҷои 144-ум бароянд.

Лентаи хабарҳо
0