06:38 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Футбол, Акс аз бойгонӣ

“Равшан” бори аввал, пас аз се сол “Истиқлол”-ро мағлуб кард

© Sputnik / Павел Лисицын
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Ин вохӯрӣ ба ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи “Равшан”ба анҷом расид. Аммо пас аз чунин шикаст “Истиқлол” ҳамоно дар ҷойи аввали ҷадвали мусобиқа боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.Бозии давраи 15-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои "Равшан" ва "Истиқлол" мухлисони худро ҳайрон намуд, менависад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи шаҳри Кӯлоб тавонист, ки ба дастаи  чемпиони кишвар оид ба футбол зарба занад. Ёдовар мешавем, ки дастаи "Истиқлол"-и пойтахт дар мусобиқа аз соли 2014-ум сар карда, пас аз шикастаи худ аз дастаи "Хайр"-и Ваҳдат, боре ҳам шикаст нахӯрда буд.

"Вохӯрии, ки дар майдони марказии Данғара баргузор гардид, бо ҳисоби 2:1 бо итмом расид. Аз аввали бозӣ бозингарони пойтахт дар бозӣ муваффақ намешуданд, махсусан қисми охири бозӣ, ки дар он онҳо ба якчанд хатогиҳо роҳ доданд. Дар натиҷаи он бозингарони шаҳри Кӯлоб дар яке аз ҳуҷумҳо ҷарима гирифтанд. Пасон дарвозвбони "Истиқлол" Қурбоналӣ Бобоев ба рақиби хеш зарба зад"- омадааст дар хабар.

"Вақте ба назар чунин менамуд, ки бозӣ бо ҳисоби баробар ба итмом мерасад, дар дақиқаи дуввуми иловашуда, ҳимоячии "Равшан" Музафффар Назаров " ба дарвозаи "Истиқлол" зарбаи дақиқ мезанад. Маҳз ҳамин зарба ба дастаи "Равшан" ғолибияти ҳангоманок оварад"- қайд карда мешавад дар саҳифаи ФФТ.

Акнун, дар пас се сол дар ҷадвали мусобиқа дар паҳлӯи номи дастаи "Истиқлол"  бори аввал қайди "шикаст" пайдо шуд.

Камтар пас, баъди як ҳафта, санаи 1-уми октябр, бозингарони ин ду даста бори дуввум во хоҳанд хӯрд. Футболбозони шаҳри Душанбе  дар бозии якуми қисми нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар майдони худ, ҳарифи хешро қабул хоҳанд кард.

Бо вуҷуди ин,  "Истиқлол" ба шикатсти худ нигоҳ накарда, дар ҷадвали мусобиқа бо 33 хол дар ҷойи аввал боқӣ мемонад. Пасон дастаи "Ҳосилот"-и Фархор дар ҷойи дуввум аст. Дар ҷойи саввум дастаи шаҳри Турсунзода "Регар- ТадАз" қарор дорад.

Мавзуъ

Собиқ футболбози испании “Истиқлол” касби барқчигиро пеша кардааст
Барчаспҳо:
Мағлубияти дастаи "Истиқлол", дастаи "Равшан", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ