Бозии дӯстонаи футболбозони тоҷик. Дар Душанбе

© info@fft.tjМунтахаби футболбозони Тоҷикистон
Мунтахаби футболбозони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар ду мусобиқа дар чорчӯбаи омодагӣ ба сабқати интихобии Ҷоми Осиё 2019 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Моҳи оянда футболбозони тоҷик дар ду бозии дӯстона бо варзишгарони Туркманистон ва Афғонистон ширкат меварзанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мухтор Қурбонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мурабии мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол вафот кард

Ҳар ду бозии футбол дар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе дар чорчӯбаи омодагӣ ба сабқати интихобии Ҷоми Осиё 2019 шуда мегузарад.

Бозӣ бо мунтахаби Туркманистон санаи 9-уми ноябр баргузор мешавад ва пасон санаи 13-уми ноябр сабқат бо мунтахаби Афғонистон мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки футболбозони тоҷик бо тими мунтахаби Фаластин бо ҳисоби баробар 1:1 бозиро ба охир роасониданд.

Ҷоми Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳои Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад. Имсол мусобиқа бори 17-ум дар Аморати Муттаҳидаи Араб  баргузор мешавад. Ғолиби бозӣ дар соли 2015 футболбозони Австралияи гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0