14:35 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар қувваозмоӣ карданд. Ду нафари онҳо тавонистанд, ки медал ба даст оранд. Бобохон Воҳидов дар вазни 57 кг ва Абдулҳаев Сорбон дар вазни 70 кг сазовори медалҳои биринҷӣ гаштанд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар шаҳри  Пунаи Ҳиндустон сабқати байналмиллалӣ оид ба гуштини тарзи озод барои дарёфти ҷоизаи раиси шаҳр  баргузор гардид. Дар мусобиқа аз 15 кишвари дунё, аз ҷумла аз  Тоҷикистон варзишгарон иштирок доштанд.

Дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон панҷ нафар варзишгарон баромад карданд. Ду нафари онҳо тавонистанд, ки медал ба даст оранд. Ҷоизадорони биринҷӣ- Бобохон Воҳидов дар вазни 57 кг ва Абдулхаев Сорбон дар вазни 70 кг, ба кишвар медал оварданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Полша низ муҳориба тарзи озод баргузор гардид. Дар ин сабқат  бояд аварзишгарони тоҷик ҳам намояндагӣ мекарданд. Салимшо Муҳаббатов — варзишгари тоҷик аз сабаби ба даст оварда натавонистани равобит,  натавонист дар сабқат иштирок варзад. Санаи 24-уми октябр бошад гурӯҳи варзишгарон оид ба гӯштини тарзи озод ба Эрон мераванд ва дар мусобиқаи байналмиллалӣ иштирок мекунанд.

Барчаспҳо:
медали биринҷӣ, мусобиқаи варзишӣ, Варзишгарони тоҷик, Ҳиндустон

Мавзӯъҳои асосӣ