12:25 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
5010

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дар Данғара рақибони худро аз кишварҳои гуногнуи ҷаҳон мағлуб намуда, ба гирифтани мукофотҳои олӣ ноил гардиданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар шаҳри Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи муҳорибаҳои омехта барои дарёфти ҷоми Исмоили Сомонӣ  баргузор гардид.

Лаҳзаи  муҳимтарини мусобиқа вохӯрии варзишгари тоҷик Худойдод Раҳмонов ва намояндаи Русия Сергей Кудряшон буд. Рақобати ду варзишгари боқувват бо ғолибияти намояндаи тоҷик анҷом ёфт.

Дар баробари ин варзишгари дигари тоҷик рақиби худро аз Конго мағлуб намуда, соҳиби Гран При шуд.

Дар мусобиқаҳои гурӯҳӣ варзишгарони тоҷик бар муқобили намояндагони Узбакистон баромад карда, бо ҳисоби 3:2 онҳоро мағлуб карданд. Ғолибони бахши гурӯҳӣ Файзиддин Раҷабалӣ, Фозил Нурализода ва Умед Ҳамроев мебошанд.

Се рақобати дигари варзишгарони тоҷик низ дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта барои дарёфти ҷоми Исмоили Смомнӣ бо пирӯзӣ анҷом ёфт.

Ҳамин тавр Сиёвуш Шарипов дар вохӯрӣ бо варзишгари озарӣ Артур Алиев муҳорибаро мусовӣ анҷом дод. Шерзод Залиев бо намояндаи Афғонистон ба рақобат баромада, ӯро бо накаут мағлуб кард.

Худойдод Раҳмонов бошад, дар муҳориба бо варзишгари бразилӣ Моезо Брендао дастболо шуд.

Мавзуъ

Дар Душанбе муштзанони беҳтарини Тоҷикистонро муайян карданд
Барчаспҳо:
рақобат, ғолибият, муҳорибаҳои омехта, Худойдод Раҳмонов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ