Дар Тоҷикистон 14 варзишгар ба мукофотпулии президентӣ соҳиб шуданд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкДзюдо,акс аз бойгонӣ
Дзюдо,акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ғолибони озмунҳои байналмиллалӣ мукофотпулии президентӣ мегиранд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Мукофотпулӣ аз ҳисоби Фонлди президентӣ Тоҷикистон дода мешавад. Фармони президент аз 1-уми августи соли гузашта расман амалӣ гашт.

Дзюдо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чемпиони дзюдои Тоҷикистон - варзишгари аз ҳама ҷавон

Варзашгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ҷайҳои намоёнро ишғол кардаанд, метавонанд мукофотпулӣ гиранд. Аз ҳама маблағи калонтарини мукофотпулии президентӣ 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин миқдор маблағро ғолиби Бозиҳои олимпӣ ба даст меорад.

Баробари ин ғолибони медали нуқра- 250 ҳазор сомонӣ, биринҷӣ- 200 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Имсол дар Тоҷикистон мукофотпулии президентиро 14 варзишгар ба даст оварданд. Аз ҷумла Дилшод Назаров низ барои ба даст овардани медали тилло дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби 300 ҳазор сомонӣ шуд.

Дигар варзишгарон Фарҳод Неъматов(таэквандо), Комроншоҳи Устопириён(дзюдо), Хуршед Маҷидов(дзюдо), Абдулқосим Файзиев(гӯштин), Ҷаҳонгир Маҷидов(дзюдо), Азамат Файзиев(гӯштин) ва Ҳамроз Раҷабов(муай-тай)гирандагони мукофотпулии президентӣ мебошанд.

 

Лентаи хабарҳо
0