Расул Мирзоев барои дастгирии иштирокчиёни муҳорибаҳои омехта ба Душанбе меравад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкРасул Мирзоев дар сӯҳбат бо журналистон
Расул Мирзоев дар сӯҳбат бо журналистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи мусобиқаи Fight Nights Global намояндаи ду кишвар Тоҷикистон- Солеҳ Ҳасанов ва Русия- Дмитрий Аришеа ба муҳориба мебароянд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Варзишгари машҳури Русия оид ба муҳорибаҳои омехта, имрӯз ба Душанбе мерасад.

Варзишгар дар ин бора дар саҳифаи худ дар Instagram навиштааст.

Муҳорибаҳои омехта. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳорибаҳои омехта бо пирӯзии варзишгарони тоҷик анҷом ёфт

"Салом алейкум, Тоҷикистон. Ман ба мусобиқаи Fight Nights Global ба Душанбе парвоз мекунам ",- менависад варзишгар.

Ба гуфтаи Мирзоев ин мусобиқа бори аввал дар Тоҷикистон мегузарад. Аммо ӯ ба сифати иштирокчӣ неву, ба ҳайси мухлис ба Душанбе меравад.

Дар саҳифаи расмии сабқат қайд карда мешавад, ки муҳориба шоми 4-уми март баргузор мешавад. Бозии асосиро шаҳрвандиТоҷикистон- Солеҳ Ҳасанов ва шаҳрванди Русия- Дмитрий Аришев мебаранд. Дар бози шаҳрвандони Эрон, Бразилия ва Қазоқистон низ иштирок мекунанд.

Расул Мирзоев- варзишгари Русия, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, ки дар муҳорибаҳои омехта низ иштирок мекунад.

Fight Nights Global — ташкилоти калони Русия мебошад, ки муҳорибаҳои омехта ташкил мекунад.

Лентаи хабарҳо
0