18:39 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаҳои гуштӣ

Пуштибонӣ аз куштигир: “Доварони маҳаллбоз дар ҳаққи Комроншоҳ беадолатӣ карданд”

© RussiaToday .
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
73502

Комроншоҳ Устопириён дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дигар намехоҳад дар бораи мусобиқаи наврӯзӣ ва тасмими коргурӯҳи Кумитаи ҷавонону варзишу гардишгарӣ сухан гӯяд ва кӯшиш хоҳад кард дар оянда дастовардҳои бештару беҳтар дошта бошад

Муҷозоти Комроншоҳ Устопириён дар паи узрхоҳияш аз дӯстдорони варзиши куштӣ ва доварон бо вокушини густардаи шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва расонаҳо рӯ ба рӯ шуд.
Ин паҳлавон пештар дар суҳат бо расонаҳо гуфта буд дар ҳаққаш беадолатӣ кардаанд, вале изҳороти дуборааш, ки эътироф карда худаш иштибоҳ кардааст, дар миёни шаҳрвандон суъитафоҳумҳое падид овард. 

Бархе аз шаҳрвандон мегӯянд, Комроншоҳро водор ба узрхоҳӣ кардаанд, бархе дигар узрхоҳии ӯро меситоянд ки мардона рафтор карда ва бархе низ аз доварон интиқод мекунанд.

Яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ гуфта: "Эътироф ба хато гувоҳ бар ҷавонмардии Комроншоҳ аст. На ҳар касе ҷуръат дорад хатояшро эътироф кунад. Худо ҳамеша ҳифзат кунад, паҳлавон".

Дигаре хайёмвор пурсида: "Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист бигӯ".

Севумӣ гуфтааст: "Комроншоҳ Устопириёнро доварони ғиромбозу маҳаллгаро маҷбур карданд. Комроншоҳ беҳтарин куштигири Тоҷикистон аст".

Яке дигар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ дар вокуниҳ ба муҷозоти ин куштигир гуфтааст: "Беҳтар аст, ки қоида ё беҳтараш қонуне барои танзими адлу инсофу имону виҷдони доварону нозирон таҳияву тартиб диҳанд то онҳо таҳти назорати шадид қарор дода шаванд. Солҳост, ки аз адолат дар майдонҳои куштӣ хабаре нест".

Яке ҳам гуфта: "Ман шахсан онҷо ҳузур доштам. Паҳлавон ҳеч тақсире надошт. Беадолатии доварон буд — ҷавонро хаставу асабӣ карданд. То ба кай ин беадолатӣ идома меёфта бошад? Бас аст, накунед ҷавононро руҳшикаста".

Дигаре афзуда: "Банда бе гуноҳ намешавад, Комроншоҳ, иншоаллоҳ, ислох мешавӣ, худатро ба даст гир. Давомдиҳандаи кори Саидмуъмин Раҳимов, Шамс ва Қамар Киромовхо, Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев бишав ва умедворем парчамбардори ватани азизамон дар мусобиқахо мешавӣ".

Аммо дигаре аз варзишкор интиқод карда: "Дарси хубест барои дигарон… Ӯ паҳлавони хуб аст, лекин бояд ба дигарон сабру тамкини комили худро нишон медод".

Севумӣ гуфтааст: "Шахсан дар ду — се сабқати кишварӣ ширкат карда шоҳиди он беадолативу хешутаборбозии доварону баргузоркунандагони мусобиқот шудаам. Бо ин гуна доварӣ варзиши тоҷик дар намуди куштии ҷудо садсолаҳо ба дастовардҳои намоён намерасад. Дар чунин шароит фақат ягона роҳ ин аст ки чун ҷахонпаҳлавон Боқиев Расул бо пули худ дар хориҷ тамрин кунанду парчами Тоҷикистонро боло бардоранд".

Боре, Комроншоҳ Устопириён дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт,  дигар намехоҳад дар бораи мусобиқаи наврӯзӣ ва тасмими коргурӯҳи Кумитаи ҷавонону варзишу гардишгарӣ сухан гӯяд, зеро ҳарчи буд, гузашт ва акнун кӯшиш хоҳад кард дар оянда дастовардҳои бештару беҳтар дошта бошад.

Мавзуъ

Пас аз муҷозоти Комроншоҳ варзишкорони тоҷикро "боодоб" мекунанд
Узрхоҳии дубораи Комроншоҳи Устопириён: доварон ва мухлисон иштибоҳ накардаанд
Барчаспҳо:
куштӣ, мухлисон, вокуниш, мусобиқа, Комроншоҳи Устопириён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ