Расул Боқиев: Агар раҳбарони одил медоштем, ман имрӯз дар Тоҷикистон будам...

© SputnikРасул Боқиев
Расул Боқиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаҳонпаҳлавон Расул Боқиев пас аз он ки майдони варзиши ҳирфаии ҷудоро тарк кард, дар Маскав омӯзишгоҳи худро бунёд гузошт ки расман "Школа дзюдо Расула Бокиева" ном дорад

Дар охирин рӯзҳои наврӯзӣ дастпарварони ин омӯзишгоҳ нахустин мусобиқоти худро баргузор карданд. Хабарнигори мо дар ҳошияи ин мусобиқот бо Расул Боқиев мусоҳиба кард ки чакидаи онро пешкаши хонандагон мекунем.

Баргузории нахустин мусобиқотро ба Шумо табрик мегӯем ва бароятон беҳтарин дастовардҳои варзишро орзумандем.

Сипосгузорам.

Аз онҷое ки ҷудо дар баробари куштии миллӣ яке аз маъруфтарин варзишҳо дар Тоҷикистон аст, мехостем бипурсем ки ин ду варзиш чӣ монандиҳо ва дигаргуниҳое бо якдигар доранд?

Варзиши ҷудо бо куштии миллии тоҷикӣ ин тафовутро дорад ки он қоидаву муқаррароте дорад ва назму инзиботаш танзимшуда аст. Ҷудо варзише ҷаҳонӣ аст. Аммо куштӣ дар Тоҷикистон аз маҳбубтарин варзишҳост. Куштӣ он қоидаву назмро надорад. Зӯрозмоиҳои куштӣ ҳам замонбандии дақиқ надоранд. Ҳамин вижагиҳо зӯрозмоиҳои куштигиронро аз пурбинандатарин мусобиқот мегардонанд. Агар куштиро ҳам чун ҷудо қонунманд кунанд ва муқаррароте барояш танзиму ҷорӣ кунанд, вижагиҳои милливу ҷанбаи намоишиашро аз даст медиҳад. Дар ин сурат мусобиқот дигар на куштӣ мешаванд ва на ҷудо, балки ҳамкарде аз инҳо ва натиҷаи зӯрозмоиро доварон мушаххас мекунанд, ки на ҳамеша дурусткорона ва аз рӯи виҷдон аст. Ман бо ин мухолиф ҳастам.

Чун аз дурусткории доварон ёд кардед, назаратон дар бораи доварии мусобиқаи куштии наврӯзӣ ва барканории Комроншоҳ Устопириён аз мусобиқот чист. Оё ӯ дар ду сол ҳунари куштигирияшро аз даст нахоҳад дод?

Ростӣ, дар ин бора наметавонам назаре бидиҳам, чун онҷо набудаам ва худ он рӯйдодро надидаам то доварӣ кунам. Комроншоҳ худ тасмимгирӣ хоҳад кард ки дар ин ду сол чи кор кунад.

Дар паи ин қазия Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федеросюнҳои варзишҳои гуногун муваззаф шудаанд, ки "Ойинномаи одоби варзиш"-ро таҳияву барои таъйид пешниҳод кунанд. Оё ниёзе ба чунин ойиннома ҳаст?

Дар ҳар коре бояд назму низом бошад, вагарна ошӯб мешавад. Ман ҳам чанд мавридеро метавонам намуна оварам, ки дар мусобиқот бо ман баддоварӣ кардаанд. Вале дар чунин мавридҳо куштигир бояд варзишкори ҳирфаӣ буданашро нишон диҳад ва оромияшро аз даст надиҳад. Куштигир бояд бо ҳунару паҳлавонияш дар майдон зӯру тавонашро нишон диҳад. Ҷанҷол бо доварон ва ё дашному носазогӯӣ бо тамошобинон кори дурусте нест. Куштигир бояд пеш аз ҳама таклифашро бо худаш рӯшан кунад.

Мебинем ки бисёре аз шогирдони Шумо фарзандони тоҷикони муҳоҷир ҳастанд. Оё дар миёнашон касе ҳаст ки битавонад дар оянда ҷудокори ҳирфаӣ шавад?

Мо чи дар Русия ва чи дар Тоҷикистон варзишкорони ояндадор бисёр дорем. Мушкиламон ин аст ки камбахтона мураббии ҳирфаӣ ва раҳбарони одил надорем. Агар раҳбарони одил медоштем, Расул Боқиев имрӯз дар Тоҷикистон буд ва кӯдакони тоҷикро куштӣ меомӯзонд.

Ин варзишгарони ҷавоне ки инҷову онҷо дорем, пеш аз ҳама ниёз ба омӯзгору мураббии ояндабин доранд. Бегумон сармоягузорӣ дар ин варзиш ҳам муҳим аст. Дар он сурат метавонистем беҳтарин дастовардҳоро дар майдонҳои куштии кишвар ва ҷаҳон дошта бошем.

Орзумандем ба ин дастовардҳо ноил шавед ва қаҳрамониву ҷаҳонпаҳлавониятон дар шогирдҳоятон идома ёбад!

Сипосгузорам!

Лентаи хабарҳо
0