Тенисбозони тоҷик қаҳрамони мусобиқаи байнулмилалии навҷавонон шуданд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкТеннис, акс аз бойгонӣ
Теннис, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин мусобиқот тенисбозони навҷавон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Душанбе мусобиқаи байнулмилалии тенис миёни варзишкорони навҷавон баргузор шуд.

Дар он тенисбозон аз Тоҷикистон,  Қирғизистон ва Туркманистон ширкат карданд. Дар даври ниҳоии ин мусобиқот медали тиллоро Исматҷон Шарипов ба даст овард. Медали нуқра насиби Аминҷон Абдуллоев шуд ва медали биринҷиро Комрон Наимов ба даст оварданд.

Дар миёни духтарон Владислава Андриевская аз Қирғизистон қаҳрамон шуд. Медали нуқраро Рамила Мумаев ва медали биринҷиро Амина Шерхонова соҳиб шуданд.

Дар бозиҳои дукаса Исматҷон Шарипов ва Аминҷон Абдуллоев аз Тоҷикистон беҳтарин натиҷаро ба даст оварданд. Дар миёни духтарон Самира Давлатова аз Тоҷикистон ва Владислава Андриевская мавқеи аввалро сазовор гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0