Ҳаводорони асабонии "Ҳосилот" сандалиҳои Варзишгоҳи Душанберо шикастанд

© Фото : сайт ФФТБозии "Ҳосилот" бо "Истиқлол"
Бозии Ҳосилот бо Истиқлол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳосил аз бозии дастаи "Ҳосилот" бо қаҳрамони Лиги футболи Тоҷикистон дастаи "Истиқлол" шикасти ноибқаҳрамони ЛФТ ва тору мори Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шуд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳаводорони асабонии дастаи "Ҳосилот" пас аз шикасти он аз "Истиқлол" даҳҳо сандалии Варзишгоҳи маркази шаҳри Душанберо шикастанд.

Бозии "Ҳосилот" бо "Истиқлол" 11 апрел бо шикасти дастаи фархорӣ бо ҳисоби бузурги 2:8 ба поён расид.

"Ҳаводорони "Ҳосилот" даҳҳо сандалии Варзишгоҳи марказии Душанберо пас аз торумори шудани дастаи фархорӣ аз дасти "Истиқлол" (2:8) шикастанд", — навиштааст дар сафҳаи фейсбукияш сухангӯи Федеросюни футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев.

Вай тасовире аз сандалиҳои шикастаи варзишгоҳ ва чойхӯрии футболдӯстони урупоиро дар канори ҳам гузоштаву навиштааст:

"Аммо ҳаводорони "Боруссия" пас он ки бозии чорякниҳоии Лиги қаҳрамонони Урупоро як рӯз ақиб андохтанд, ҳаводорони "Монако"-ро дар хонаҳои худ сарпаноҳ доданд. Инро мегӯянд фарҳанги ҳаводории футболдӯстон!".

© Фото : FacebookБаргирифта аз шабакаи Facebook
Баргирифта аз шабакаи Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Баргирифта аз шабакаи Facebook

 

Бархе аз корбарони Фейсбук ҳам ин мавзуъро баррасӣ кардаву рафтори ҳаводорони дастаи фархориро "ифрот аз ҳадди маъқул" хонда ва аз Федерсюни футбол хостаанд "Ҳосилот"-ро муҷозот кунад ва ҳаводоронашро аз ширкат дар ҳама бозиҳо то поёни ин даври қаҳрамонӣ маҳрум кунад.

Лентаи хабарҳо
0