03:44 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
5911

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол ҳарифони узбеки худро бо ҳисоби 7:4 мағлуб карданд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Дар чорчубаи чемпионати Осиё- 2017 мунтахабаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол, бо ҳарифонашон аз Узбакистон бозии дустона доир намуда, дар он бо ҳисоби 7:4 ғолиб омаданд.

Бозии дӯстона 25-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии "Универсал"- Тошканд баргузор гардид.  

Давраи аввали вохӯрии варзишгарони тоҷику узбек бо ҳисоби 3:1  ба фоидаи футболбозони тоҷик ба анҷом расид. Дар давраи дуввуми бозӣ низ футболбозонитоҷик тавонистанд 4 голи дигар ба дарвозаи ҳарифашон равон кунанд. Дар натиҷа ҳисоб бо 7:4 ба анҷом расид.

Имруз, давраи такрории сабқати футболбозон дар Тошканд баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро футболбозони то 20-сола намояндагӣ карданд.

Барчаспҳо:
сабқат, футбол, Варзишгарони тоҷик, Осиё

Мавзӯъҳои асосӣ