Дипломи Расул Боқиев ё омодагӣ ба тарки фаъолияти варзишӣ

© SputnikРасул Боқиев. Акс азбойгонӣ
Расул Боқиев. Акс азбойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дар қаҳрамонии Маскав аз ҷониби Федеросюни ҷудои Маскав бо дипломи беҳтарин мураббӣ дар риштаи ҷудо дар вазни +100 қадрдонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар ин бора варзишгари номдор — Расул Боқиев дар сафҳаи фейсбукии худ хабар дода ва афзудааст, ки пас аз пирӯзӣ дар се қаҳрамонии дигар тарки фаъолияти мураббигӣ хоҳад кард.

"Соли 2016 — пирӯзӣ дар қаҳрамонии Русия, соли 2017 — қаҳрамонии Маскав. Пас аз ба даст овардани се пирӯзии дигар, Худо хоҳад, метавон фаъолияти мураббигиро тарк кард", — навиштааст паҳлавони тоҷик дар сафҳаи худ.

© Фото : Аз саҳифаи Расул Боқиев дар фейсбукИфтихорномаи Расул Боқиев.
Ифтихорномаи Расул Боқиев. - Sputnik Тоҷикистон
Ифтихорномаи Расул Боқиев.

Ҷудокори тоҷик Расул Боқиев, устоди варзиши Тоҷикистон, барандаи нишони биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин аст. Ҳамчунин, паҳлавони маъруф дар соли 2007 дар Рио-де-Женейро соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо гардида, барандаи Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва  2012 аст. Вай соли 2009 қаҳрамони ҷудои Русия шуд.

Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.

Лентаи хабарҳо
0