17:23 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Ҷаласаи Кумитаи назоратии ФФТ

Ҷамолиддин Оев аз ширкат дар 8 бозӣ маҳрум шуд

© Фото : пресс-служба ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
4611

Сармураббии дастаи футболи "Ваҳдат" барои зӯроварӣ бар доварони бозии дастаҳои лиги нахуст "Эсхата" ва "Ваҳдат" муҷозот шуд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Федеросюни футболи Тоҷикистон Ҷамолиддин Оев — сармураббии дастаи "Ваҳдат" аз шаҳри Ваҳдатро барои зӯроварӣ бар доварон аз ҳаққи ширкат дар 8 мусобиқа маҳрум карда, 1500 сомонӣ ҷарима баст.

Равобити умумии ФФТ имрӯз иттилоъ дод, ки Ҷамолиддин Оев аз барои лату кӯби доварон дар бозии "Ваҳдат" бо дастаи хуҷандии "Эсхата", ки 20 апрел баргузор шуд, муҷозот шудааст.

Ин қарор дар ҷаласае тасвиб шуд, ки Кумитаи назоратии ФФТ ба раёсати Тоҳир Нурзода имрӯз баргузор кардааст.

Ҳамчунин бо қарори ин кумита Бахтиёр Қаландаров — бозигари дастаи "Регар-ТадАЗ" аз шаҳри Турсунзодаро барои лагад задани ҳамовард дар бозӣ бо дастаи "Хуҷанд" аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима кард.

Кумита ҳамчунин Дилшод Расулов — бозигари дастаи "Кӯктош", Қимматшо Муминшоев — бозигари дастаи "Панҷшер" ва Адҳам Муҳаммадамин — бозигари бошгоҳи марказии варзишии артиш "Помир", ки дар бозиҳо дутоӣ корти зард гирифта буданд, аз ҳаққи ширкат дар як бозӣ маҳрум кард.

Мавзуъ

Футболбозони тоҷик дар Узбакистон ҳарифонашонро мағлуб карданд
Таъсиси "Футбол ТВ" дар Узбакистон
Хуршед Муртазоқулов Тоҷикистонро дар ҳамоиши "Футбол барои дӯстӣ" намояндагӣ мекунад
Ҳаким Файзуллоев: бепарвоии футболбозони тоҷик сабаби шикаст аз дастаи Яман шуд
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам
Барчаспҳо:
футбол, ҷарима, муҷозот, Федеросюни футболи Тоҷикистон, Ҷамолиддин Оев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ