Мағлубияти духтарони футболбози тоҷик аз ҳарифонашон аз Қирғизистон

© Дафтари матбуоти ФФТМунтахаби ҷавондухтарони футболбози тоҷик
Мунтахаби ҷавондухтарони футболбози тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба нақша гирифта шудаст, ки дар умум дастаҳои футболи тоҷик ва қирғиз се маротиба ба майдони футбол баромада, ба ҳам қувваозмоӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Имруз дар майдони машқи Кант аввалин бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи ҷавондухтарони Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Дар ин бозӣ ҷавондухтарони то 19-сола иштирок доштанд.

Бино бар иттилои ФФТ, бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи ҷавондухтарони қирғиз ба итмом расид.

Як гол ба дарвозаи ҳариф аз ҷониби футболбози тоҷик  Ҷонона Ҳалимова зада шуд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки ин ду даста рӯзҳои 18-ум ва 20-уми май ду вохурии дигарӣ варзишӣ баргузор кунанд.

Лентаи хабарҳо
0