09:35 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11821

Хушбахт Қурбонмамадов - паҳлавони тоҷики муқими Амрико дар як сабқати байнулмилалӣ оид ба ҷудо соҳиби ду медал шуд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Хушбахт дар вазни 73 килу мақоми аввалро ба даст оварда соҳиби медали тилло гардид.

Варзишгари тоҷик ҳамчунин дар вазни 66 килу рақобат намуда, мақоми сеюм ва медали биринҷӣ ба даст овард.

"Дӯстони азиз! Имрӯз бо хости Парвардигор яке аз рӯзҳои беҳтарини ҳаётам буд. Ман якбора дар ду вазн ғолиб омадам. Дар вани 73 килу — медали тилло ва дар вазни 66 килу- соҳиби медали биринҷӣ гардидам",-навиштааст паҳлавони тоҷик дар саҳифаи фейсбуки худ.

 

Моҳи апрел Хушбахт Қупбонмамадов дар яке аз сабқатҳо нуҳ рақиби худро шикаст дода соҳиби медали тилло шуд. Ёдовар мешавем, ки ин ғолибияти нахустини Хушбахт набуда, қаблан ӯ дар сабқатҳои бонуфуз соҳиби чандин медал гардида буд.

Хушбахт нахуст дар мусобиқаи "The Big Apple Judo Classic-2016" дар Ню-Йорк дар вазни то 66 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт.

Инчунин ӯ дар мусобиқа дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Баъдан Қурбонмамадов дар мусобиқаи дигар "51-st Annual Dallas invitational Judo", ки дар Техаси ИМА барпо гардид, барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "18-th Annual Northeastern Judo Championships", ки дар иёлоти Ню Ҷерсии ИМА доир шуд, боз соҳиби се медал гардид. Ӯ дар вазни то 66 кг барандаи медали тилло шуд, дар вазнҳои то 73 кг ва то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифт. 

Мавзуъ

Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико 9 ҳарифро мағлуб карда, боз ғолиб омад
Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико боз медали тилло ба даст овард
Ғолибияти навбатии Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико
Ғолибияти Хушбахт Қурбонмамадов дар сабқати ҷудо дар Ню-Йорк
Барчаспҳо:
ду медал, тилло ва биринҷӣ, Хушбахт Қурбонмамадов, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ