09:06 18 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
39823

Дастаи Криша мира бар рақибони худ аз тими Сучон бо ҳисоби 11:0 ғолиб омад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дирӯз, 3 июн  дар майдони Спартаковетси Маскав ҳашт даста барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV" байни ҳам рақобат карданд.

Дар ин бора роҳбари шӯъбаи итилоотии ташкилоти "Нур" Аброр Боймамадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт,ки дирӯз ҳашт даста: Криша мира — Сучон, Хоруғ —  Деҳрушон, Помир Душанбе — Ғунд, Барушон — Дети Памира байни ҳам рақобат карданд.

"Тими Криша мира бо ҳисоби рекордӣ 11:0 бар дастаи Сучон ғолиб омад. Бозигарони дастаи Хоруғ ва Деҳрушон бозиро мусовӣ 2:2 анҷом доданд. Дастаи Памир Душанбе ва Ғунд натавонистанд голе ба нишон расонанд. Бозии ин ду тим бо ҳсоби 0:0 ба охир расид", — гуфт мусоҳиб.

Сабқати тими Барушон ва Дети Памира бо пирӯзии дастаи охир анҷом пазируфт. Дастаи Дети Памира рақибони худро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

Имрӯз мусобиқаи футбол идома ёфта дар он ҳашт даста ширкат мекунанд: Ишкошим — Шоҳдара, Рушон — Вахон, Поршнев — Вамд, Куйбишев — Вамар.

Рақобат барои дарёфти Ҷоми Оқохони IV  идома дорад
© Фото : Аз саҳифаи аслии мусобиқаи футбол
Рақобат барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV" идома дорад

Дар умум барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV"  19 даста байни ҳам рақобат мекунанд.
Инҳо: Вамар, Поршнев, Сохчарв, Куйбишев, Вамд, Рӯшон, Ишкошим, Помир 4, Вахон, Шоҳдара, Криша мира, Сучон, Дети Памира, Хоруғ, Барушон, Деҳрушон, Ғунд, Помир Душанбе ва Хоруғ 1 мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Ҷоми Оқохони IV" насиби дастаи Вамар шуда буд.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартаковетс" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.

Мавзуъ

Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV" идома дорад: кӣ бурду кӣ бохт
Гузориши аксӣ аз мусобиқаи футбол барои "Ҷоми Оқохони IV" дар Маскав
"Ҷоми Оқохони IV": рақобати нуздаҳ даста барои ҷоми футбол дар Маскав
Барчаспҳо:
11:0, футбол, "Ҷоми Оқохони IV" - 2017, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ