Дилшод Назаров беҳтарин варзишкори Осиё шинохта шуд

© AFP 2023 / FRANCK FIFE Дилшод Назаров. Архивное фото
Дилшод Назаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров беҳтарин варзишкори Осиё эълон шуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бино бар гузориши Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон,  Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё варзишкори маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари Осиё эълон кардааст.

Тавре қайд мешавад, ба ин муносибат қаҳрамони тоҷикро президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, ҷаноби Даҳлан Ал Ҳамад шодбош гуфта, ба вай комёбиҳо таманно кардааст.

 "Хушҳолам, ки аз номи Федератсияи варзиши сабуки Осиё ва федератсияҳои варзиши сабуки кишварҳои қора Шуморо ба муносибати қадрдонӣ шуданатон ба ин ҷоиза шодбош мегӯям. Ин ҷоиза қадрдонии меҳнатҳои шабонарӯзии Шумост. Бовар дорем, ки дар оянда низ ба дастоварҳои назаррас ноил мегардед. Ба Шумо комёбиҳо таманно дорем",- омадааст дар табрикоти президент.

Дилшод Назаров солҳои 2015 ва 2016 беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шуд.

Дилшод Назаров Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, 3 карат Қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2006, 2010, 2014, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2015, се карат Қаҳрамони Осиё-2009, 2013, 2015 ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар чемпионати Осиё, ки фардо 6 июл дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон оғоз мешавад, иштирок хоҳад кард. Дар ин мусобиқа 6 варзишгари дигари тоҷик — Даврон Отабоев, Кристина Пронженко, Одилшо Исматов, Алишер Пулотов, Азизҷон Абдуллоев ва Григорий Дерепаскин иштирок хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0