Муҷозоти футболбози дастаи “Ҳосилот” барои лату кӯби довар

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкФутбол. РФПЛ. Матч ЦСКА - "Локомотив"
Футбол. РФПЛ. Матч ЦСКА - Локомотив - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидалӣ Сафаралӣ барои латукӯби довар ҳангоми бозии дастаи “Ҳосилот” ва “Барқчӣ” аз ширкат дар даҳ бозӣ маҳрум шуд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Кумитаи варзиш ва назорати интизомӣ дар бораи маҳрум кардани бозигари дастаи "Ҳосилот" Саидалӣ Сафаралӣ аз ширкат дар даҳ бозӣ қарор баровард.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ФФТ, варзишгари тоҷик барои лату кӯби довари бозии "Ҳосилот" ва "Барқчӣ", ки 15 июн баргузор шуд, муҷозот шудааст.

Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футболи ҷавонон ба "Ҷоми Иттиҳод-2016" омодагӣ мебинанд

Ҷаласаи Кумита рӯзҳои қаблӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин чанд бозигари дигар низ дар паи беинтизомӣ ҷазо гирифтанд. Чунончи, барои ишораи таҳқиромез ба сӯи бозигари дигар, футболбози дастаи "Ваҳдат" — Фирӯз Бобиев аз ширкат дар ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима шуд.

Бозигарони дастаи "Равшан" — Тоҳир Баҳром ва Музаффар Фузайлов ҳам бо ҳамин айб ҷазо гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки куштигири номдори тоҷик Комроншоҳ Устопириён низ барои ду сол - аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз зӯрозмоӣ дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, вилоятӣ ва кишварӣ барканор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0