Сарбозони тоҷик дар Бозиҳои варзишии низомиёни кишварҳои ҳамсуд ширкат мекунанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие вооруженных сил Таджикистана на совместных учениях ОДКБ, архивное фото
Военнослужащие вооруженных сил Таджикистана на совместных учениях ОДКБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бозиҳо сарбозони Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар риштаҳои гуногуни варзишҳои размиву артишӣ зӯрозмоӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Сарбозҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои низомӣ-варзишии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсуд ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилоъи Вазорати дифоъи Русия, ин бозиҳо аз 24 июл то 1 август дар шаҳри Балиқчӣ дар Қирғизистон баргузор мешаванд.

Военнослужащие Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон размоиши нерӯҳои Амрико ва кишварҳои осиёиро фармондеҳӣ хоҳад кард

Ин бозиҳои артишӣ ба муносибати 25-умин солгарди бунёди Шурои вазирони дифоъи ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ва Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин бозиҳо сарбозони артишҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар риштаҳои ҳунарҳои размии артишӣ, вазнабардорӣ, варзишҳои таркибии низомӣ, серазмаи афсарӣ ва мусобиқаҳои фармондеҳӣ зӯрозмоӣ хоҳанд кард. Низомиёни Узбакистон дар ин мусобиқот ҳамчун нозир ҳузур хоҳанд дошт.

Лентаи хабарҳо
0