07:35 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ

Тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ва писараш ба бошандагони шаҳри Душанбе

© Flickr/ Официальный сайт президента Таджикистана
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
748 0 0

Майдони варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои сокинони шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои пойтахт тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар Соли ҷавонон мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, рӯзи 1 август дар шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдони варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ гардид, ки барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон шароит фароҳам кардааст.

Ин майдонро шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ифтитоҳ кард.

  • Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
    Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
    © Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣ
  • Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
    Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
    © Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣ
1 / 2
© Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣ
Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино

Иншооти варзишӣ аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинон, айвон барои гузаронидани расму анъана ва чорабиниҳои оммавӣ ва нишасткурсиҳои сершумор дар атрофи майсазорҳо иборат мебошад.

Масоҳати умумиаш 5792 метри мураббаро дар бар гирифтааст.

Сохтусози ин ҷойгоҳ аз  ҷониби корхонаи воҳиди давлатии "Сементи Тоҷик" бо маблағи беш аз як милюну 50 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки ин фароғатгоҳ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 26-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ба истифода дода шудааст.

Мавзуъ

Рустам Эмомалӣ дар Душанбе билетҳои электронӣ ҷорӣ мекунад
Рустам Эмомалӣ ҷануб ва ғарби Душанберо мепайвандад
Мардуми Душанбе аз вазъи Боғи ҳайвонот ба Рустам Эмомалӣ шикоят бурданд
"Раҳмат": Рустам Эмомалӣ низоми электронии пардохтро санҷид
Барчаспҳо:
майдони варзишӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ