Дар Панҷиканд Қаҳрамонии шатранҷи Тоҷикистон оғоз шуд

© Фото : Посольство РТ в РФТурнир по шахматам, посвященный 25-летию установления дипломатических отношений между Таджикистаном и Россией
Турнир по шахматам, посвященный 25-летию установления дипломатических отношений между  Таджикистаном и Россией - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Панҷиканд Қаҳрамонии шатранҷи Тоҷикистон байни мардон ва бонувон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар шаҳри Панҷиканд сабқати Қаҳрамонии Тоҷикистон оғоз шудааст. Бино бар иттилои Ҳукумати вилояти Суғд, ин сабқат бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва ҳукумати шаҳр баргузор мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, 24 тан варзишгар аз тамоми вилоятҳои Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Дар шаҳри Панҷиканд дастовардҳои ин бозии қадимӣ зиёд буда, борҳо дар шаҳр сабқатҳои ҷумҳуриявиву ноҳиявӣ баргузор шудаанд.

Қаҳрамонии шатранҷи Тоҷикистон то 13-уми августи соли равон идома ёфта, ғолибон бо тӯҳфаву медол сарфароз хоҳанд гашт.

Лентаи хабарҳо
0