Пизишкони варзишкор: оғози мусобиқаи волейбол миёни дастаҳои занона

© Sputnik / Ситдиков РамильСпартакиада в честь алмазного юбилея
Спартакиада в честь алмазного юбилея - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи бузургдошти Абуалӣ ибн Сино мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати тандурустӣ, ин мусобиқа бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи "тарғиби ташаккули тарзи солими зиндагӣ" баргузор мешавад.

Ин мусобиқа ба муносибати Рӯзи бузургдошти Абуалӣ ибни Сино бар по шуда, ки ҳамзамон Рӯзи пизишкони Тоҷикистон аст ва ҳарсола 18 август ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамакнун мусобиқаи футбол миёни кормандони ин ниҳод ҷараён дошта, даври ҷамъбасти умумии  мусобиқот 18 август баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0