Дилшод Назаров: борон кумакам кард, то ба даври ниҳоӣ бирасам

© Victor R. CaivanoДилшод Назаров. Архивное фото
Дилшод Назаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров гуфт, ки борон кумакаш карда, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад

ДУШАНБЕ, 10 авг— Sputnik. Бино ба гузориши Р-Спорт, ин нуктаро Дилшод Назаров дар ҳошияи сабқати ҷаҳонӣ гуфтааст, ки ҳамин рӯзҳо дар Лондон баргузор мешавад.

Дилшод Назаров рӯзи чаҳоршанбе гурзро ба масофаи 75,54 метр партоб када, (бештар аз масофаи тахассусӣ-75,50)  ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳангмоми баргузории мусобиқа борони сахт меборид.

"Борон халалам нарасонд, баръакс, кумакам кард. Вақте замини майдон хушк бошад, ҳама аз номусоъидии он шикоят мекунанд. Имрӯз замини партобгоҳ нармтар шуд ва пойҳо худашон давидан гирифтанд", — гуфт Назаров ба рӯзноманигорон.

Ин мусобиқот ҳамакнун ҳам идома доранд. Даври ниҳоии сабқати ҷаҳонӣ аз рӯи варзиши сабук дар Лондон пагоҳ, 11 август баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0