Футболбозҳои ҷавони тоҷик тамриноташонро дар Туркия ба анҷом расонданд

© Сайт Федерации футбола РТМолодежная сборная Таджикистана по футболу провела 8 августа свой первый контрольный матч на учебно-тренировочном сборе в Турции
Молодежная сборная Таджикистана по футболу провела 8 августа свой первый контрольный матч на учебно-тренировочном сборе в Турции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозҳои миллипӯши ҷавони Тоҷикистон дар вопасин бозии назоратӣ дар чорчӯби тамринот дар Туркия дастаи ҷавонони бошгоҳи "Анталя Кӯрфез Спорт"-ро 6:0 шикаст дод

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ба иттилоъи Федеросюни футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи "Арслон Закӣ Демирҷӣ" баргузор шудааст, Шериддин Бобоев ду гол ва Дар Ёдгоров, Шаҳром Самиев, Тоҳир Муллодӯстов яктоӣ гол ба дарвозаи туркҳо задаанд. Голи шашумро футболбозҳои турк худ ба дарвозаашон задаанд.

Молодежная сборная Таджикистана по футболу провела 8 августа свой первый контрольный матч на учебно-тренировочном сборе в Турции - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозҳои навҷавони тоҷик ҳамсолони туркашонро бо ҳисоби 12 бар 1 торумор карданд

Бо ин бозӣ тамриноти дастаи миллипӯшони ҷавони Тоҷикистон дар Туркия ба анҷом расид. Ин тамринот дар чорчӯби омодагӣ ба даври муқаддамотии қаҳрамонии футболи Осиё дар соли 2018 баргузор шуд.

Бозиҳои давраҳои муқаддамотии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи "В" аз 31 октябр то 8 ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд. Дар чорчӯби ин бозиҳо футболбозҳои ҷавони тоҷик 31 октябр бо дастаи Банглодеш, 4 нобяр бо дастаи Срӣ-Ланка, 6 ноябр бо дастаи Молдив ва 8 ноябр бо дастаи Узбакистон мусобиқа хоҳанд дошт.       

Лентаи хабарҳо
0