05:50 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва раиси вилояти Суғд Қодирӣ

Шодихон Ҷамшед бар пои тандиси Исмоили Сомонӣ гулдаста гузошт

© Фото : Исполнительный орган гос.власти Согдийской области
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)
364 0 0

Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ҳамроҳ бо фарҳангиёни ин вилоят дар идомаи сафар ба вилояти Суғд дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд гулдаста гузошт

ДУШАНБЕ, 23 августи — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, пайкараи Исмоили Сомонӣ соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости Сирдарё дар остонаи 20-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд.

Манбаъ меафзояд, ки меҳмонон аз Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол" боздид карданд.

Фарҳангиёни Бадахшон ҳамчунин аз нақшаи барҷастаи Тоҷикистон дар он шаҳр дидан карда, сипас бо осорхонаи маҷмаъаи торихӣ ошно гардиданд.

Гурӯҳе аз фарҳангиён аз Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" аз корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи "Арча" боздид карданд.

Таваҷҷуҳи меҳмононро фаъолияти корхонаи муштараки тоҷикиву туркии "Силкоат бойя" ҷалб кард, ки ҷузви Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" буда, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни ранг ва пардоздиҳӣ машғул аст.

Роҳбарияти корхонаҳои истеҳсолӣ омодагии хешро барои ҳамкориҳои судманд бо ВМКБ баён доштанд.

Пештар хабар дода будем, ки фарҳангиёни Бадахшонро дар вилояти Суғд бо нону асал таҳти навои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.

Ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 21 то 26-уми августи соли 2017 баргузор мешавад.

Мавзуҳо:
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)

Мавзуъ

Меҳр дар чашм аст: таасуроти бадахшониҳо пас аз боздид аз мавзеҳои Суғд
Фарҳангиёни Бадахшонро дар Суғд бо нону асал пешвоз гирифтанд
Барчаспҳо:
фарҳангиёни Бадахшон, Шодихон Ҷамшед, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ