11:52 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи Непалро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш медиҳад, яккачини футболи Тоҷикистон имрӯз нахустин пирӯзиашро ба даст овард.

Бино бар иттилои манбаъ, мунтахаби футболи Тоҷикистон дар давраи саввуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи Непалро шикаст дод.

Голи аввали вохӯриро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқи 25-ум ва голи дуввумро Дилшод Восиев дар дақиқаи 30-юми рақобат ба ҳадаф расонд. Ягона голи ҷониби Непалро дар дақиқаи 51-ум Бимал Ғартӣ Магар вориди дарвозаи футболбозони тоҷик намуд.

Мунтахаби Тоҷикистон сабқати навбатии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 —ро 10-уми октябр бо Непал дар Тоҷикистон мегузаронад.

Барчаспҳо:
мусобиқа, футбол, Непал, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ