04:37 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Кормандони сафоарти Тоҷикистон дар русия футболбозони қавитарин баромаданд. Онҳо ҳамаи ҳарифонашонро мағлуб карда, дар сабқат пирӯз шуданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дастаи футболи Тоҷикистон дар сабқати "Қаҳрамонии ғайрирасмии ҷаҳонӣ миёни сафоратҳо" мақоми аввалро аз худ кард.

Дар рӯзи аввали мусобиқа дипломатҳои тоҷик дастаи Молдоваро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода бо тими ВУХ Русия бо ҳисоби 1:1 бозиро мусовӣ анҷом доданд. Бо холҳои гирифта дастаи сафорати Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар рӯзи баъдӣ кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия бо дастаи Колумбия рақобат карда, бозиро мусовӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд, вале дар бахши пеналти рақибонашонро малуб карданд.

Таҳти қарсакҳои баланди тамошобинон ба  дастаи Тоҷикистон мақоми аввал дода шуд.

Дар умум дар ин мусобиқа, кормандони сафоратҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Молдова, Колумбия, Чин, Боливия, Ироқ, Қувайт, Муғулистон, Испониё, ВУХ Русия ва кормандони шабакаи телевизионии "Мир" ширкат карданд.

Барчаспҳо:
футбол, мақоми аввал, сафорати Тоҷикистон дар Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ