Даҳ даста барои Ҷоми Шохдара рақобат мекунанд: дар Маскав

© Sputnik / Каллиников КириллЛетний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 16 сентябр то 8 октябр дар варзишгоҳи "Авангард" дар Маскав мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Шохдара баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар ин бора намояндаи Кумитаи футболи созмони иҷтимоъии "Нур" Рамеш Некқадамов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи ӯ, ин сабқат бо ибтикори созмонҳои "Нур" ва "Помир" ва пуштибонии Федеросюни муҳоҷирон ташкил шудааст.

Барои дарёфти Ҷоми Шохдара 10 даста рақобат мекунанд: "Тусиён", "Собиқадорон", "Роштқалъа", "Хидорҷев", "Барвоз", "Миденшарв", "Бидиз", "Роштқалъа 2", "Тавдем", "Шувджев".

© Фото : Аз бойгонии созмони "Нур"Рақобати даҳ даста барои Ҷоми Шохдара
Рақобати даҳ даста барои Ҷоми Шохдара - Sputnik Тоҷикистон
Рақобати даҳ даста барои Ҷоми Шохдара

Ин сабқатро доварони ҳирфаии рус ва довталабони созмони "Нур" доварӣ мекунанд.

Бозиҳои гурӯҳии сабқат рӯзи 30 сентябр ба поён мерасанд.

Мусобиқаи футбол барои Ҷоми Шохдара рӯзҳои таътил дар варзишгоҳи "Авангард" баргузор мешаванд.

Ёдоварӣ мекунем, ки пештар дар Маскав сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон баргузор шуд, ки дар он дастаи "Вамар" пирӯз шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0