Варзишкорони тоҷик аз Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод 51 медол оварданд

© Фото : НОК РТСборная Республики Таджикистана в Ашхабаде
Сборная Республики Таджикистана в Ашхабаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Панҷумин Бозиҳои Осиёии даруни толор ва ҳунарҳои размӣ, ки 17 сентябр дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод оғоз ёфта буданд, дирӯз, 27 сентябр анҷом пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар ин мусобиқот 6 ҳазор варзишкор аз 64 кишвар дар 21 риштаи варзиш ва ҳунарҳои размӣ зӯрозмоӣ карданд. Аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 125 варзишкор ширкат кард. Миллипӯшони тоҷик аз Ишқобод бо 51 медол, аз ҷумла 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ, баргаштанд. Медолҳои тиллоро Мижгона Самадова дар риштаи кикбоксинг ва Акмалиддин Каримову Беҳрӯз Хоҷазода дар риштаи самбо ба даст оварданд.

Акмалиддин Каримов - чемпион Азиатских игр Ашхабад 2017 по самбо - Sputnik Тоҷикистон
Бозиҳои Осиёӣ дар Ишқобод: Тоҷикистон 3 медоли тилло ба даст овард

Тоҷикистон бо ин дастовардҳо дар миёни 64 кишвар 17-ум ҷойгоҳро гирифт. Аз рӯи шумори медолҳо варзишкорони тоҷик дар миёни дигар дастаҳо 8-ум ҷойгоҳро ба даст оварданд.

Қаҳрамони ин Бозиҳо дастаи миллии Туркманистон шуд, ки 245 медол, аз ҷумла 80 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ, ба даст овард. Дувум ҷойгоҳро Чин бо 97 медол, аз ҷумла 42 тилло, 32 нуқра ва 23 биринҷӣ, гирифт. Севум ҷойро Эрон бо 118 медол, аз ҷумла 36 тилло, 23 нуқра ва 59 биринҷӣ, ба даст овард.             

 

Лентаи хабарҳо
0