Варзишкори ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ 7 медоли тилло ба даст овард

© Фото : из личного архива Гулбидина РахматзодаГулбидин Рахматзода
Гулбидин Рахматзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори ҷавон Гулбиддин Раҳматзода дар ҷашнвораи байналмилалии варзишии "Бабри заррин IX" дар Русия ҳафт медоли тилло ба даст овард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ин ҷашнвора аз 29 сентябр то 1 октябр дар шаҳри Екатеринбург баргузор шуда ва дар он беш аз 8 ҳазор варзишкор дар 35 ришта зӯрозмоӣ карданд.

Сборная Республики Таджикистана в Ашхабаде - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкорони тоҷик аз Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод 51 медол оварданд

Гулбиддин дар ин ҷашнвора дар мусобиқоти навҷавонон (то 21-сола), ҷавонон (22-сола ва бештар) ва бузургсолон ширкат кард ва 7 медоли тилло ва як медоли нуқра ба даст овард.

© Фото : Из личного архива Гулбидина РахматзодаМедали
Медали - Sputnik Тоҷикистон
Медали

"Рақобат дар миёни варзишкорон бисёр шадид буд! Вале ман тавонистам 7 медоли тилло ба даст оварам, ки аз онҳо 5 медол дар рақобат бо навҷавонон ва 2 медол дар зӯрозмоӣ бо бузургсолон насибам шуд", — гуфт Раҳматзода ва аз ҳаводоронаш сипосгузорӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0