Варзишкорон аз 15 кишвар барои Ҷоми Эмомалӣ Раҳмон зӯрозмоӣ мекунанд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкДзюдо,архивное фото
Дзюдо,архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми ҷудои раисҷумҳури Тоҷикистон дар вазни 90 кг имрӯз дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори Кумитаи умури ҷавонону варзиш ва Федеросюни ҷудои Тоҷикистон баргузор мешавад, варзишкорон аз 15 кишвар ширкат мекунанд.

Хушбахт Курбонмамадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавони тоҷик қаҳрамони "Ҷоми ҷудои Амрико" шуд

Ба гузориши Федеросюни ҷудои Тоҷикистон, ҷудокорон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Эрон, Русия, Олмон, Непал, Ҷопон, Белорус, Укроина, Нидерланд, Амрико ва Куба дар вазни 90 кг зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 20 ҷудокор ширкат хоҳад кард.

Барои барандаи ҷои якум 7 ҳазор дулор, ҷои дувум — 4 ҳазор дулор ва ду ҷои севум 2 ҳазор дулор ҷоиза муқаррар карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин панҷумин бор аст, ки дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми ҷудои Раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар нахустин мусобиқа, ки дар соли 2013 баргузор шуда буд, дар вазни —81 кг Виталий Дудчик аз Укроин пирӯз шуда буд. Ҷои дувумро Фарҳод Раҳимов аз Тоҷикистон, ҷои севумро Сергей Терешенко аз Белорус сазовор шуда буданд. Дар вазни мутлақ Ислом Шаҳобӣ аз Миср бар ҳама пирӯз шуда буд. Медоли нуқра насиби Муҳаммад Абдураҳмонов ва медолҳои биринҷӣ насиби Парвиз Собиров ва Фурқат Назриев (ҳар се аз Тоҷикистон) шуданд.

Дар дувумин мусобиҷа дар соли 2014 Муҳаммад Абдураҳмонов аз Тоҷикистон пирӯз гашт. Зиёратшо Баротов медоли нуқра, Ҷавод Маҳҷуб аз Эрон ва Саидҷалол Саидов аз Тоҷикистон медолҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар севумин Ҷоми ҷудои кишвардори Тоҷикистон 40 варзишкор аз 13 кишвар ширкат карданд. Ҷои аввалро ин бор низ Муҳаммад Абдураҳмонов гирифт. Ҷои дувум насиби Александр Ваховяк аз Белорус, ҷои севум насиби Фирдавс Насимов аз Тоҷикистон ва Энди Алварес аз Куба гардид.

Чаҳорумин мусобиқа соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Дар он 45 варзишкор аз 15 кишвар: Афғонистон, Белорус, Италия, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Укроин, Ҷопон ва Эрон ширкат намуданд. Станислав Бондаренко аз Укроин соҳиби ҷом шуд. Ҷои дувумро Алекс Гарсия Мендоза аз Куба, ҷои севумро Муҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев аз Узбакистон гирифтанд. Барандаи Ҷом ҳамчунин 56 ҳазор сомонӣ ҷоизаи нақдӣ дарёфт кард. Барои барандаҳои ҷои дувум ва севум 32 ва 16 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Лентаи хабарҳо
0