06:05 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Чемпионат Азии по гребле в Китайе, город Шанхай

Қоиқрони тоҷик аз мусобиқаҳои Қаҳрамонии Осиё медоли нуқра овард

© Фото : Аккаунт Facebook / Shahriyor Daminov
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
3710

Коршиносони варзишӣ медоли нуқраи Шаҳриёр Даминовро "бузургтарин комёбии варзиши қоиқронии тоҷик дар 25 соли ахир" донистаанд.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қоиқрони тоҷик Шаҳиёр Даминов дар масофаи 1 000 метр бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд.

Вай дар даври ниҳоии мусобиқа бо 9 қоиқрон рақобат дошт. Қаҳрамони ин мусобиқа Вадим Менков аз Узбакистон шуд, ки бо натиҷаи 3:57:388 баранда шуд. Медоли биринҷӣ насиби қоиқрони чинӣ Пенгфей Женг шуд, ки бо натиҷаи 3:58:786 ба хатти поён расид.

Дар ин мусобиқа, ки 15 октябр оғоз ёфта ва 18 октябр ба анҷом мерасад, варзишкорон аз 21 кишвари Осиё зӯрозмоӣ карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот афзун бар Шаҳриёр Даминов ҳамчунин Нурмуҳаммад Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ кардаанд.

Коршиносони варзишӣ медоли нуқраи Шаҳриёрро "бузургтарин комёбии варзиши қоиқронии тоҷик дар 25 соли ахир" донистаанд.

Чунончи, Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод, гардонандаи гурӯҳи "Tajik sport" дар шабакаи Фейсбук, мегӯяд, "Шаҳриёр ин медолро дар ҳоле ба даст оварда аст, ки қоиқронҳои мо дар бадтарин шароит тамрин мекунанд. Дар сармо, дар гармо, ҳамеша дар рӯдхонаву обанборҳо қоиқ меронанд".

"Шаҳриёрро ман танҳо дар ҳамин ҷаҳони маҷозӣ мешносам, вале гӯё ки ҳамарӯза бо ӯ ҳастам. Тамрину фаъолиятҳои ӯро ҳамеша пайгирӣ мекунам. Ӯ ҷавонест бисёр ватандуст ва фаъол. Шаҳриёр ҳам варзиш мекунад ва ҳам варзишро таблиғ мекунад ва ҳам шарики ғаму шодии варзишкорони кишвар аст. Ҳамеша сарфароз боши Шаҳриёри азиз! Бори дигар пирузӣ муборак!", — навиштааст Неъматзод дар он гурӯҳ.

Мавзуъ

Варзишкорони тоҷик аз қаҳрамонии самбои ҷаҳон 3 медол оварданд
Муроҷиатномаи ҷавонон ва варзишкорони пойтахт ба Рустам Эмомалӣ
Варзишкорон аз 15 кишвар барои Ҷоми Эмомалӣ Раҳмон зӯрозмоӣ мекунанд
Варзишкори ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ 7 медоли тилло ба даст овард
Раисҷумҳур ба варзишкорон ва мураббиён 94 худраву пул тақдим кард
Варзишкорони тоҷик аз Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод 51 медол оварданд
Барчаспҳо:
бузургтарин дастовард, нуқра, қоиқронӣ, Қаҳрамонии қоиқронии Осиё, Тоҷикистон-Чин

Мавзӯъҳои асосӣ